Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод” (вилояти Сугд, н. Зарафобод)

Мохи сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд. Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Дар корхона барои коркарди шир 3 деги сетоннагӣ ва 4 деги ду тоннагӣ ҷиҳати пурра омода кардани маҳсулотҳои тайёр мавҷуд мебошад. Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот буда, истеҳсолоти он тавассути ду адад воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад. Иқтидори истеҳсолии “Шири Зафаробод” дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад. 

Шири корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 5 адад воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар ду деҳоти ноҳияи Зафаробод нуқтаҳо барои ҷамъоварии он ташкил карда шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад. Яке аз навгониҳои дигар дар ин корхонаи истеҳсолӣ таъсис додани ҳуҷраи тамизкунии сару либоси кормандон қабл аз ворид шудан ба коргоҳи истеҳсолӣ мебошад