Бо мақсади коркарди шири маҳаллӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ хатти нави технологӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст, ба корхона дастрас ва васлу насб карда шуд. Бояд гуфт, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харидорӣ намуда, аз он 15 намуди маҳсулоти босифати ширӣ, аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка ва кефир истеҳсол менамояд.